занбарғалтак — [زنبر غلتک] аробачае, ки дар тарафи пеши он як ғалтак шинонда шудаасту ду дастаи тарафи дигари онро ба даст гирифта хоку хишт ва ғ. мекашонанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сароҷа — [سراجه] занбар, занбари чӯбин; сароҷа бастан занбар сохтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гавғалтак — [گوغلتک] гуфт 1. аробачаи махсуси сечархаи дастадор, ки кӯдак онро дошта роҳравиро ёд мегирад 2. занбарғалтак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғалтак — [غلتک] 1. чархе, ки ба пои занбарғалтак, сепояи тифлон ва ғ. мешинонанд, ғилдирак 2. лӯлаи аз ягон маводи сахт сохтаи ду тарафаш деворадор ва ё зағӯтачае, ки ба он ресмони дарздӯзӣ, тори нейлон ва симҳои гуногунро мепечонанд; зағӯтаи калони чӯбин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғалтакароба — [غلتک ارابه] аробачае, ки ба рӯи як ғалтак ё якчанд ғалтак шинонда шудааст; муқ. занбарғалтак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
занбаркаш — [زنبر کش] он ки дар занбар бор мекашонад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пашанг — [پشنگ] кит 1. мили оҳании дароз ва сартез, ки ба воситаи он деворро сӯрох мекунанд; дайлам 2. занбар 3. борхез, фишанг 4. оби пошидашаванда; чакра, қатраи чизе 5. дар асотири Эрони қадимноми бародарзодаи Фаридун ва падари Манучеҳр 6. номи падари… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
салла — [سله] а. дастор, аммома: саллаи афғонӣ, саллаи занбарӣ, саллаи каловабаст, саллаи муллобачагӣ, саллаи шалғамӣ, аҳли салла шудан ба бастани саллаи муллогӣ сазовор шудан, муллои хатмкарда шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ